Рақобати навбатии Муин Ғафуров бо размкори лаҳистонӣ
Варзишгари тоҷик Муин Ғафуров рақобати навбатиашро дар ташкилоти UFC бо размкори лаҳистонӣ Ёқуб Виклач баргузор мекунад. Муҳорибаи ду варзишгар 8-уми феврал дар мусобиқаи UFC Vegas баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки муҳориба дар вазни сабуктарин баргузор шуда, 3 раунд идома кунад. Муин Ғафуров 29 сол дошта, дар корномаи варзишиаш дар муҳорибаҳои омехта 21 ғалаба ва 6 шикаст дорад.
Рақиби ӯ Ёқуб Виклач ҳам 29-сола буда, дар муҳорибаҳои омехта 16 маротиба пирӯз шуда, 3 бор шикаст хӯрдааст. Дар...