Омодагии футболбозони навраси тоҷик ба Ҷоми Осиё-2026
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Далер Каёсов барои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 рӯзи 12-уми январ ба шаҳри Дубай расид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), наврасони тоҷик дар Дубай бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ (13-уми январ) ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (16-уми январ) бозиҳои санҷишӣ баргузор мекунанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ду дарвозабон, ҳашт ҳимоятгар, даҳ нимҳимоятгар ва се ҳамлагар даъват шудаанд...