Додраси олитарин додгоҳи Тоҷикистон аз бинои нӯҳтабақа афтода, ҷон додааст
Ҷамшед Ҷамшедзода, яке аз додрасҳои Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ аз ошёнаи 9-уми биное дар шаҳри Душанбе афтода ҷон додааст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки ба маҳалли ҳодиса дар маҳаллаи Гулистон ва ё маъруф ба “Сирк” рафтанд, шоҳиди мардуми зиёде дар назди бинои баландошёна шуданд.
Чанде аз ҳозирон дар ин маҳал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Ҷамшед Ҷамшедзода, қабл аз нисфирӯзӣ аз хонааш аз табақаи 9-уми бино афтода, ҷон додааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Мо аниқ намедонем...