Идомаи саркӯбҳо дар Эрон ва вокуниши ҷаҳониён
Мавҷи вокунишҳо ба эътирозҳои ахир дар Эрон ва саркӯби норозиён аз сӯи мақомоти қудратӣ идома дорад. Нахуствазири Суид ё Швейсария рӯзи якшанбеи 11-уми январ дар шабакаи X (Твиттер) навишт, “гузориши даҳшатнок аз Эрон дар бораи кушта шудани эътирозгарон нашр шудааст. Мо ҳаргуна истифода аз хушунат алайҳи эътирозгарони мусолиматомезро маҳкум мекунем”.
Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони милал ҳам эълом кард, ки аз гузоришҳо дар бораи “хушунат ва истифодаи зӯр тавассути мақомҳои эронӣ алайҳи эътирозгарон”...