Дар Душанбе даҳ даста барои Ҷоми ФФТ- 2026 мубориза мебарад
Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2026 дар минтақаи Душанбе 12-уми январ доир гардид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ-2026 пеш аз оғози мавсим дар ду марҳила - пешакӣ ва ниҳоӣ - баргузор мегардад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон – тақсим мешаванд.
Дар минтақаи Душанбе панҷ дастаи лигаи олӣ - КМВА (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ҳосилот» (Фархор)...