"Аз газ заҳролуд шуданд". Ҳалокати як оила аз Тоҷикистон дар Русия
Дар пайи заҳролуд шудан аз газ, як марди тоҷик бо ҳамсар ва духтари панҷсолааш дар шаҳри Самараи Русия ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса 7-уми январ рух дода, наздикони мард танҳо як рӯз баъд аз он хабардор шудаанд.
Яке аз дӯстони марди фавтида 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Алӣ ва ҳамсару духтарашро имрӯз ба Тоҷикистон мефиристанд. Фавтидагон сокинони маҳаллаи Туркманистони шаҳри Бохтар будаанд.
"Рӯзи 7-уми январ Алӣ ва ҳамсару духтараш аз газ заҳролуд мешаванд. Хешу табор аз Тоҷикистон як рӯз занг мезананд...