Хастагии мардуми Эрон. Аз режими исломӣ ё мушкилоти иқтисодӣ?
Эътирозҳои хиёбонӣ дар Эрон, ки дар охири декабр ба иллати таварруми рекордӣ ва коҳиши қурби пули миллӣ оғоз шуд, идома доранд. Шумораи ҷонбохтагони даргириҳо аз 65 нафар гузашт. Инҳо асосан эътирозгаронанд, вале маъмурони амниятии ҳукумат низ кушта шуданд.