Ҳукумати Венесуэла як гуруҳ маҳбусони сиёсиро озод кард
Ҳукумати Венесуэла як гуруҳ аз маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла чанд тан аз сиёсатмадорони мухолиф, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигоронро озод кард. Дар ин бора хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гузориш додааст.
Раҳоии ин афрод як ҳафта баъд аз амалиёти неруҳои амрикоӣ сурат мегирад, ки дар ҷараёни он раиси ҷумҳури пешини Венесуэла Николас Мадуро боздошт ва ба ИМА интиқол ёфт.
Президенти Амрико Доналд Трамп дар суҳбат бо шабакаи Fox News гуфт, озодии зиндониёни сиёсӣ бо дархости ИМА анҷом шуд. Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт...