Добавить новость

Созмони милал хостори қатъи хушунат алайҳи эътирозгарон дар Эрон шуд

Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милал рӯзи ҷумъаи 9-уми январ дар баёнияе аз гузоришҳо дар бораи истифода аз хушунат алайҳи эътирозгарон дар Эрон ва қатъи сартосарии интернет дар ин кишвар ибрози нигаронии амиқ кард. Фолкер Турк гуфт, "тамоми мавридҳои маргумир бояд ба сурати фаврӣ, мустақил ва шаффоф таҳқиқ ва баррасӣ шаванд. Омилони ҳаргуна нақзи ҳуқуқи башар бояд мутобиқ ба қонунҳои байнулмилалӣ посухгӯ бошанд". Комиссари СММ ҳамчунин қатъи сартосарии интернетро дар Эрон поймол кардани озодии баён ва ва дастрасӣ ба иттилоъ хонд.
Губернаторы России



Заголовки
Заголовки
Moscow.media
Ria.city

Новости России




Rss.plus

Музыкальные новости


Новости тенниса







Новости спорта