Сафари тими миллии футзали Тоҷикистон ба Индонезия
Тими миллии футзали Тоҷикистон 14-уми январ тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Дубай - Ҷакарта ба Индонезия сафар мекунад ва дар онҷо омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 оғоз менамояд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби футзали кишвар дар доираи омодагиҳои худ дар Индонезия машқҳои дастаҷамъии даҳрӯза баргузор мекунад. Дар ҷараёни ҷамъомад мунтахаби Тоҷикистон се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Пайрав Воҳидов 16 бозигарро барои тамринҳои дастаҷамъӣ даъват кардааст ...