Добавить новость

Ба хонаводаи афсари ҳалокшуда дар марз хона додаанд

Ба хонаводаи Исматулло Қурбонов, афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли 2025 дар марз кушта шуд, хона ва кӯмакпулӣ додаанд. Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон 7-уми январ хабар дод, ки калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дар маркази шаҳри Бохтарро раиси вилоят ба хонаводаи афсари кушташуда додааст. Пайвандони ин афсар дар ноҳияи Ҳамадонӣ зиндагӣ мекунанд. Рӯзи 1-уми январ мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам ба хонаводаи Зиреҳбон Наврӯзбеков, афсари дигари кушташуда дар шаҳри Хоруғ хонаи дуҳуҷрагӣ доданд.
Губернаторы России



Заголовки
Заголовки
Moscow.media
Ria.city

Новости России




Rss.plus

Музыкальные новости


Новости тенниса







Новости спорта