Омодагии шаш паҳлавони тоҷик ба Paris Grand Slam 2026
Дар аввалин мусобиқаи имсолаи сайри ҷаҳонии ҷудо - Paris Grand Slam 2026, ки рӯзҳои 7-8-уми феврал дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж – баргузор мешавад, шаш гуштигири тоҷик иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Париж то рӯзи 8-уми январ 375 варзишгар (222 мард ва 153 зан) аз 56 кишвар номнавис шудаанд.
Дар ин мусобиқа шаш паҳлавони тоҷик - Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг)...