Боздошти зодаи Тоҷикистон барои ба марг расондани блогери рус
Кумитаи тафтишотии Русия алайҳи як зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми аз беэҳтиётӣ ба марг расондани блогери рус парванда боз кардааст. Шоира Нарзуллоеваи 26-сола ба он муттаҳам мешавад, ки дар вақти гузарондани амали зебоӣ боиси марги Юлия Бертсева, блогери рус шудааст.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, блогери 38-сола ҳангоми гузаронидани амали зебоӣ дар дармонгоҳи хусусии “Elmas”-и шаҳри Маскав ба “шоки анафилактикӣ” дучор шудааст.
Телеграм-канали “Mash” хабар медиҳад, ки Шоира Нарзуллоеваро ҳамчун корманди расмии клиникаи Elmas дар қайд набуда...