Барои қурбониёни хушунат ҳуҷраҳои алоҳида ташкил кардаанд
Дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 15 ҳуҷраи махсуси дастгирӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ фаъол шудааст. Дар ин ҳуҷраҳо барои қурбониёни хушунати хонаводагӣ кӯмаки тиббӣ ва равонӣ-иҷтимоӣ мерасонанд.
Намояндагии Созмони милал дар Тоҷикистон мегӯяд, ин ташаббус дар доираи ташаббуси ҷаҳонии "Шуои нур" ва дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ амалӣ мешавад.
Дар доираи лоиҳа зиёда аз 300 корманди соҳаи тиб ва 90 омӯзгор аз давраи омӯзишӣ гузаштаанд. Ин ташаббус соли 2017 аз ҷониби Созмони милал ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ гардида...