Ҳунарпеша ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик даргузашт
Фатҳулло Абдуллоев ҳаҷвнигор ва ҳунарпешаи тоҷик маъруф бо тахаллуси саҳнавии Коно дар сини 67-солагӣ даргузашт.
Нарзулло Абдуллоев бародари Фатҳулло Абдуллоев рӯзи 4-уми январ дар як суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки марҳум аз ду рӯз қабл аз зиёрати Ҳаҷ баргашта буд.
“Дар аснои зиёрати ҳаҷ бемор шуда дар шифохона бистарӣ шуданд. Дар он ҷо дар рагҳои дилашон найча (стент) гузоштанд ва ба ҳуш омада ва ду рӯз пеш ба ватан баргашта буданд”, гуфт ӯ. Фатҳулло Абдуллоев ду се соли ахир бемор шуда буд.