Ду узви баландпояи ҲНИТ аз ҳизб ва исломи сиёсӣ даст кашиданд
Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ хуруҷи ду узви баландпояшро тасдиқ кард ва гуфт, дар пайи ислоҳоти фарогири ин созмон мебошад.
Охири моҳи декабр Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов, ду узви Раёсати олии ҲНИТ эълон карданд, ки аз "исломи сиёсӣ канорагирӣ" мекунанд ва дигар ҳеч робитае бо Ҳизби наҳзат надоранд. Файзраҳмонов ва Қаюмов ҳамчунин гуфтанд, "исломи сиёсӣ дар ниҳоят ба бунбаст мерасад".
Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар баёнияе гуфт, 9-уми декабри соли 2025 гуруҳи...