Ба хонаводаи афсари кушташуда дар Хоруғ хона доданд
Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон карданд, ки ба хонаводаи Зиреҳбон Наврӯзбеков, як афсари Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта дар даргирӣ бо афроди мусаллаҳ дар марз бо Афғонистон кушта шуд, хона тақдим кардаанд.
Тибқи хабаре, ки дар сафҳаи фейсбуки мақомоти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нашр шуд, ба хонаводаи ин афсари кушташуда дар шаҳри Хоруғ хонаи дуҳуҷрагӣ дода шудааст. Дар хабар омадааст, ки мақомот дар оянда ба хонаводаи афсари кушташуда кӯмак хоҳанд кард.