Шариф Назаров, мураббии варзидаи футболи тоҷик, даргузашт
Шариф Назаров, мураббии шинохтаи футболи тоҷик, пас аз бемории вазнину тӯлонӣ рӯзи 30-юми декабр дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ 80 сол дошт.
Ин зодаи ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) дар солҳои 60-70-уми садаи гузашта дар дастаҳои “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа ва “Помир”-и Душанбе ҳимоятгар буд.
Ӯ аслан ба ҳайси мураббии футбол машҳур шуд. Хидмати Шариф Назаров дар дастовардҳои “Помир”-и Душанбе беназир мебошад. Маҳз таҳти раҳбарии вай “Помир” ба лигаи олии қаҳрамонии СССР (1988) роҳхат гирифта, сипас...