Чаро шумори зиёди роҳбарон аз эҳтимоли ҷанг бо Русия ҳушдор медиҳанд?
Марк Рутте, дабири кулли НАТО, рӯзи 11-уми декабр гуфт, ки "ҳадафи баъдии Русия мо ҳастем". Суханронии Рутте дар Берлин мавриди нави ҳушдор дар бораи даргирии мустақим бо Русия буд, ки дар соли 2025 аз сӯи мақомоти баландпояи аврупоӣ ва ниҳодҳои иттилоотӣ матраҳ шудааст.