Добавить новость

Марги мармузи як кӯдаки 3-сола дар Файзобод

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, як кӯдаки 3-сола эҳтимолан дар пайи латукӯби модарандараш дар ноҳияи Файзобод ҷон бохтааст. Ҳодиса 26-уми декабр дар деҳаи Шерамони Файзобод рух додааст. Як манбаъ дар ҳукумати Файзобод ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гумони латукӯб ва ба марг расондани Юсуфҷони хурдсол модарандараш боздошт шудааст. Назари ин зани 31-сола ба қазия маълум нест. Манбаъ дар ҳукумати Файзобод гуфт, модарандари тифл ба ҳабси пешакӣ гирифта нашуд, чун кӯдаки якунимоҳа дорад. Мақомот ӯро бозпурсӣ доранд.
Губернаторы России



Заголовки
Заголовки
Moscow.media
Ria.city

Новости России




Rss.plus

Музыкальные новости


Новости тенниса







Новости спорта