Барканории Игор Черевченко аз вазифаи сармураббии "Истиқлол"
Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко, фарзанди бозигари маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, аз вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барканор шуд.
Сомонаи бошгоҳи «Истиқлол» 29-уми декабр хабар додааст, ки раҳбарияти бошгоҳ ва ситоди мураббиёни даста таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко тасмим гирифтанд, ки шартномаро тамдид накунанд.
Ба ин тартиб, сармураббии бошгоҳ Игор Черевченко, мураббии калон Юрий Батуренко, мураббӣ Дилшод Восиев, мураббии дарвозабонҳо Дмитрий...