Ҳалокати чор кас дар рӯзи тӯй дар Хатлон
Дар пайи садамаи як мошини тӯёна дар вилояти Хатлон чор хешованди домод ба ҳалокат расида, чор каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 27-уми декабр дар шоҳроҳи Данғара-Леваканд рух додааст.
Хабаргузории "Азия-Плюс" навиштааст, садама замоне рух дод, ки мошинҳо барои овардани арӯс аз ноҳияи Восеъ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мерафтанд.
Ба гуфтаи манбаъ, яке аз мошинҳо ба самти муқобил баромада, ба худрави “Лексус” бархӯрдааст. Дар ин садама, бародар ва се хешованди дигари домод ба ҳалокат расидаанд.