Дар таркиши як масҷид дар Сурия дастикам 8 тан кушта шуданд
Хабаргузории расмии Сурия гузориш дод, ки рӯзи 26 декабр дар пайи як таркиш дар масҷиди "Имом Алӣ" дар вилояти Ҳимс, дастикам 8 тан кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд.
Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ин таркиш ҳангоми намози ҷумъа замоне рух дод, ки масҷид пур аз намозгузорон будааст.
Ин ҳодиса дар минтақае рух дод, ки бештари сокинони онро ақалиятҳои алавӣ ва шиаи Сурия ташкил медиҳанд.
Як мақоми амниятӣ дар Ҳимс, ки нахост номаш ошкор шавад, ба хабаргузории "Франс пресс" гуфтааст, ки эҳтимолан маводи...