Собянин бори дигар аз зарурати нерӯи муҳоҷирон дар Маскав гуфт
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, дар як моҳи охир бори дуюм ба зарурати нерӯи муҳоҷирон дар пойтахти Русия таъкид кард.
Изҳороти аввали ӯ дар оғози моҳи декабр дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизиони Русия садо дод. Собянин дафъаи дувум рӯзи 24-уми декабр дар Думаи шаҳри Маскав гуфт, пойтахти Русия ба 500 ҳазор коргар ниёз дорад ва инро мешавад фақат аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ пур кард.
Вай, ки ин суханҳоро дар ҷараёни гузоришдиҳии солонааш дар баробари Думаи шаҳри Маскав баён мекард, гуфт, даст кашидан...