Ширкатҳои сохтмонӣ QR код насб мекунанд, то муштариён фиреб нахӯранд
Дар шаҳри Душанбе дар назди ширкатҳои сохтмонӣ ё нуқтаҳои фурӯши биноҳои нави истиқоматӣ, QR кодҳои махсусро насб мекунанд, ки ин ба гуфтаи мақомот аз ҳолатҳои фиреб хӯрдани муштариён зимни хонахарӣ пешгирӣ мекардааст. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 24 декабр хабар дод.
Насби QR кодро дар назди сохтмони биноҳои нави истиқоматӣ, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе оғоз кардааст ва ба гуфтаи мақомот, бо ин роҳ харидор қабл аз харид ё бастани шартнома бо ширкати сохтмонӣ...