Дар Тоҷикистон ҷазоро барои шикори бабри барфӣ сахттар карданд
Дар Тоҷикистон аз ин пас барои шикори бабри барфӣ, як ҷонвари зебои нодир дар кишвар, мумкин аст, гунаҳкорро то ба 8 сол зиндон маҳкум кунанд.
Бабр, ё паланги барфӣ, ки онро паланги осиёимиёнаӣ меноманд, дар кӯҳистонҳои Помир дар Тоҷикистон сукунат дорад ва ҷонвари дар вартаи нобудӣ аст.
Дар Кодекси ислоҳшудаи ҷиноӣ, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми декабр имзо кардааст, барои фурӯхтани паланги барфӣ ҳам ҷазо таъйин шудааст.
Бар асоси Кодекси пешинаи ҷиноӣ барои шикору куштани ин ҷонвари зебо аз 3 то ба 5 сол ҷазо медоданд.