UFC шартнома бо Лоиқ Раҷабовро бекор кард
Лоиқ Раҷабов, варзишгари шинохтаи тоҷик дар намуди муҳорибаҳои омехта, аз ташкилоти маъруфи UFC берун шудааст. Рӯзи 23-юми декабр чанд сомонаи варзишӣ хабар доданд, ки ташкилоти UFC шартнома бо чанд размкор, аз ҷумла Лоиқ Раҷабовро бекор кардааст.
Худи Лоиқ Раҷабов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда гуфт, шартномаи ӯ бо ташкилоти UFC тамдид ё дароз карда нашуд.
Лоиқ Раҷабов 35 сол дошта, соли 2023 барои чор муҳориба бо ташкилоти UFC шартнома баста буд. Ин варзишгари тоҷик аз чор муҳорибаи...