Ҳукумати “Толибон” консулгарии Афғонистонро дар Хоруғ бастааст
Ҳукумати “Толибон” консулгарии Афғонистонро дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки зери назари ин гурӯҳ кор мекард, бастаанд.
Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Кобул дар ин бора бо такя ба як манбааш дар Душанбе хабар дод.
Ба навиштаи рӯзнома, "Толибон" ҳамчунин консул Нақибуллоҳ Деҳқонзодаро низ барканор кардаанд. Деҳқонзода пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон эълон карда буд, ки ниҳоди онҳо зери ҳокимияти "Толибон" кор мекунад.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари баста шудани...