Дарёфти визаи Олмон дар Тоҷикистон душвор шудааст?
Баъзе аз довталабони сафар ба Олмон мегӯянд, ки гирифтани раводид ё визаи ин кишвари аврупоӣ дар Тоҷикистон душвор шудааст. Онҳо иддао доранд, ки агар дар гузашта дарёфти визаи Олмон то як моҳ вақт мегирифт, ҳоло то се-чор моҳ расидааст. Чаро ин вазъ пеш омадааст?