Путин ба Раҳмон гуфтааст, гунаҳкорони қатли Қобилҷон ҷазо хоҳанд гирифт
Владимир Путин, президенти Русия, ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки гунаҳкорони қатли Қобилҷон Алиев, навраси даҳсолаи тоҷик, ҷазо хоҳанд гирифт. Мулоқоти ду тараф рӯзи 22-юми декабр дар Санкт-Петербург ва дар ҳошияи нишасти сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.