Ҳамлаи "Толибон" ба "махфигоҳ"-и ДОИШ дар Бадахшони Афғонистон
Як манбаъ дар ҳукумати "Толибон" даргирии ду шаб пеш дар вилояти Бадахшони Афғонистонро тасдиқ карда, гуфтааст, ки сарбозони онҳо бар як махфигоҳи ҷангҷӯёни ДОИШ ё гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ҳамла карданд.
Ин манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ин махфигоҳ ба касоне марбут буд, ки дар ҳамлаҳои охир бар шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон даст доштаанд.
Пеш аз ин, расонаҳои наздик ба "Толибон", аз ҷумла, "Ал-Мирсод" гузориш доданд, ки нерӯҳои "Толибон"...