Бонки аврупоӣ ба "Шабакаҳои тақсимоти барқ" беш аз 40 миллион евро кӯмак мекунад
Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ба ширкати давлатии «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Тоҷикистон дар ҳаҷми 43 миллион евро маблағгузорӣ намуд. Аз ин ҳаҷм 28 миллион евро қарзи сармоягузорӣ барои тақсимоти барқ буда, 15 миллион евро гранти Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Бо ин маблағҳо қарор аст сохтори зербунёдии «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Тоҷикистон дар бахши ҳисобу китоби харҷи нирӯи барқ дар нӯҳ шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон навсозӣ шаванд.
Аз ҷумла, дастгоҳҳои фарсудае, ки барқро барзиёд ва номуассир истифода мекунанд...