Пиряхи Деҳдал дар як моҳ садҳо метр ҳаракат кардааст
Пиряхи Деҳдал дар ҳавзаи дарёи Сурхоб давоми моҳи ноябр садҳо метр ҳаракат кардааст. Пораи азиме аз ин пирях 25-уми октябр канда шуда буд ва он замон мақомот дарозии пиряхи ҷудошударо 1,5 километр ва баландиашро 50 метр гуфта буданд.
Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон пас аз корҳои омӯзишии ҳолати пиряхи Деҳдал дар рӯзҳои 1-5 декабр, бо нашри хабаре гуфт, ин пирях давоми моҳи ноябр ба андозаи 520 метр (беш аз 20 метр дар як руз) ҳаракат кардааст.
Ба мушоҳидаи мутахассисони ин ниҳод, баландии ҳаҷми пиряхи...