Эълони ҳукми гумонбарон дар марги Судайси дусола
Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар пайванд ба марги Судайси дусола, ки дар як кӯдакистони хусусии Душанбе ҷон бохт, ду корманди ин муассисаро ба 5 ва 6 соли зиндон маҳкум кардааст.
Хабаргузории "Азия плюс" бо такя ба як манбаи огоҳ аз мурофиа гузориш дод, ки Рухшона Исматуллоева, мудири кӯдакистони хусусии "Суолу ҷавоб" ё "Почемучка" 6 сол ва Боғигул Раҳимова мураббияи кӯдак 5 сол ба зиндон маҳкум шудаанд.
Аммо ҳоло онҳо дар боздошт нестанд ва ба навиштаи манбаъ, бо назардошти ин, ки айбдоршавандаҳо кӯдакони ноболиғ доранд...