Ҷузъиёти боздошти як тоҷикистонӣ, ки дар ҳамла ба “Крокус” гумонзад аст
Як маъмури пулис дар Русия баъди тақрибан ду сол ҷузъиёти боздошти як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ҳамлаи маргбор ба толори “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав гумонзад аст, ошкор кардааст.
Ба гузориши оҷонси давлатии “ТАСС” аз 4-уми декабр, ин маъмури пулис ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ ба ҳайси шоҳид гуфтааст, гумонзадро дар Брянск дар дохили ҷангал ва бо ёрии квадрокоптер ё ҳавопаймои бесарнишин ёфтаву боздошт карданд.
Дар хабарҳо аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда нашудааст. Пештар мақомоти Русия гузориш дода буданд...