Фирори беш аз 36 ҳазор ғайринизомӣ аз даргириҳо дар Судон
Беш аз 36 ҳазор ғайринизомӣ дар Судон аз шаҳрҳо ва деҳаҳои минтақаи Кордофан дар шарқи Дорфур, фирор кардаанд.
Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз СММ гузориш додааст, ки ниманизомиён ҳушдор додаанд, ки нерӯҳояш дар ҳоли таҷаммуъ дар хатти пеши ҷанг ҳастанд.
Дар ҳафтаҳои ахир, минтақаи Кордофани Марказӣ ба майдони набарди нав дар ҷанги дусола миёни артиши Судон ва нерӯҳои ниманизомии Ҳимояти сареъ (RSF), табдил шудааст.
Кордофан марказе аст, ки аз аҳамияти стратегӣ бархӯрдор мебошад, зеро миёни вилояти Дорфур ва минтақаи атрофи Хартум...