Иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки рӯзҳои 7-21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд, иштирок мекунанд.
Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёз таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) доир мегарданд.
Бояд гуфт, Арабистони Саудӣ бори дуюм аст, ки мизбони ин чорабинии варзишии қоравӣ мешавад. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 57 кишвар аз рӯи 19 намуди варзиш иштирок мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо 69 варзишгар дар 12 намуди варзиш...