КҲФ мегӯяд, ду касро, ки дар садама ба об афтода буданд, наҷот дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ду нафарро, ки дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба об афтида буданд, наҷот додааст.
Ин ҳодиса рӯзи 28-уми октябр дар километри 68-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Пикап Фотон" аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, бо мошин ба ҷарии умқаш то 250-300 метр сарозер шудааст.
Ҳангоми садама дар мошин ғайр аз ронанда як мусофир ҳам будааст.