Миллионҳо сомонӣ пули фарсуда. Танга мушкилро ҳал мекунад?
Дар ним сол аз сокинони минтақаи Кӯлоб беш аз шаш миллион сомонӣ пулҳои фарсударо гирифта, ба ҷояш тангаҳои филизӣ додаанд. Намояндагони Бонки миллӣ дар ин минтақа тасдиқ мекунанд, ки пулҳои коғазии 1, 3 ва 5 сомонӣ охирин рӯзҳои ҳастии худро пушти сар мекунанд ва ҷойи онҳоро тангаҳои филизии баробарқурбашон мегиранд.
Алиаҳмад Юсуфзода, сардори Шуъбаи Бонки миллӣ дар минтақаи Кӯлоб дар нишасти хабарӣ гуфт, ҷамъоварии пулҳои куҳна назар ба соли гузашта камтар шудааст. "Ҳама танга шудаанд, пулҳои қоғазӣ ҳоло хурдтаринаш даҳ сомона аст.