Раванди ихроҷи густурдаи кормандон дар ҳукумати Амрико оғоз шудааст
Кохи Сафед рӯзи 10 октябр эълон кард, ки раванди ихроҷи густурдаи кормандон дар саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оғоз шудааст.
Дар пайи таътил шудани ҳукумати Амрико бинобар қабул нашудани будҷаи соли 2026 дар Конгресс, Доналд Трамп, президенти Амрико эълон карда буд, шумори нерӯҳои кории федеролиро коҳиш хоҳад дод.
Сухангӯёни чанд вазорат, аз ҷумла, вазорати хазонадорӣ (молия), тандурустӣ, маориф, тиҷорат ва бахши амнияти кибернетикии Вазорати амнияти дохилии Амрико тасдиқ кардаанд, ки берун карданҳо оғоз шудааст.