Путин вориди Душанбе шуд
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия шоми 8-уми октябр бо сафари давлатӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Путинро дар фурудгоҳ президент Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Барномаи сафари раиси ҷумҳури Русия аз гузоштани гулчанбар бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз шуд. Қарор аст имрӯз Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон алоҳида ва баъдан бо ҳузури ҳайатҳо вохӯрӣ гузаронад.
Сафари Путин ба Тоҷикистон то 10-уми октябр идома мекунад, вале ба ҷуз барномаи умумии сафару дидору гуфтугӯҳо, ҷузъиёте...