Добавить новость

Ёздаҳ сарбози покистонӣ дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ кушта шуданд

Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба корвони нерӯҳои Покистон 10 сарбоз ва як афсар кушта шудаанд. Дафтари робитаи умумии артиши Покистон рӯзи 8 октябр эълон кард, ки ин ҳамла шаби қабл дар минтақаи қабиланишини Хуррам дар наздикии марзи Афғонистон рух додааст. Дар хабарномаи артиш омадааст, ки ин ҳамла дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои покистонӣ дар ин минтақа, рух додааст. Як манбаъ дар маҳал ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки пас аз ин ҳодиса панҷ сарбози покистонӣ нопадид шудаанд.
Губернаторы России



Заголовки
Заголовки
Moscow.media
Ria.city

Новости России




Rss.plus

Музыкальные новости


Новости тенниса







Новости спорта