Тими миллии футболи Тоҷикистон бар Молдив пирӯз шуд
Тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович, мутахассиси 58-солаи сербиягӣ, дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи мунтахаби Ҷазираҳои Молдивро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ин бозии гурӯҳи «А» 9-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид. Ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар дақиқаи 8-ум ҳисобро кушод. Голи дуюми мизбононро ҳамлагар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 30-юм ба самар расонд. Дар нимаи дуюми бозӣ футболбозони тоҷик чандин...