Истифодаи "скутер" ва "самокат"-и барқӣ дар Душанбе то соли 2030 манъ шуд
Истифодаи "скутер" ва "самокат"-и барқӣ дар роҳҳои мошингард ва пиёдагарди шаҳри Душанбе то соли 2030 мамнуъ шуданд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт бо нашри як хабарнома гуфт, дар роҳҳои мошингард ва пиёдагарди пойтахт рондани "скутер" ва "самокат"-и барқии шахсӣ, ки наврасону кӯдакон истифода мекунанд ё ба "иҷора" дода мешаванд, то соли 2030 манъ шуд.
Сабаби манъи истифодаи "электроскутер" ва "электросамокат"-ҳо, танзими фаъолияти бенизоми онҳо, коҳиши садамаҳо бо иштироки онҳо, пешгирии...