Тоҷикистон ва Исроил санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ имзо карданд
Тоҷикистон ва Исроил дар бахши иқтисод ва сайёҳӣ, ёддошти тафоҳум имзо кардаанд.
Ба навиштаи расонаҳои исроилӣ, ин ёддошти тафоҳумро Ҳаим Катз, вазири гардишгарии Исроил ва Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми байнулмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, имзо кардаанд. Ин ҳамоиш рӯзҳои 18-20 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ин аввалин ёддошти тафоҳум дар заминаи иқтисод ва гардишгарӣ байни ду кишвар ба шумор меравад.
Вазири исроилӣ гуфтааст, барои Тоҷикистон...