Шаҳри Волгоград дубора Сталинград мешавад?
Президенти Русия Владимир Путин ваъда дод, ки ба сари пешниҳоди раҳбари ҳизби коммунист Геннадий Зюганов дар бораи аз Волгоград ба Сталинград табдил кардани исми шаҳри маъруфи Русия «андеша мекунад». РБК навишт, Путин 18 сентябр дар мулоқот бо раҳбарони ҷиноҳҳои ҳизбии Думаи давлатӣ ба пешниҳоди бозгардони исми пешини шаҳри Волгоград гуфт:
«Бояд андеша кунем. Инро сокинони маҳаллӣ ҳал мекунанд, вале дар маҷмӯъ ҳамаи он чизе, ки бо Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳам нақше, ки Сталин дар ин ғалаба доштааст...