Ҳабси 1500 тонна кокаин дар соҳилҳои Петербург
Сохторҳои қудратӣ дар шаҳри Санкт-Петебург аз ҳабси беш аз 1,5 тонна кокаин хабар доданд. “Фонтанка” навишт, ходимони ҳифзи қонун дар бораи эҳтимоли қочоқ шудани маводи мухаддири мамнӯъшуда аз ҳамкорони хориҷиашон хабар ёфтанд.
Рӯзи 29 август тафтиш дар соҳилҳои Санкт-Петербург, ки ба халиҷи Финляндии баҳри Балтик мебарад, нишон дод, ки дар як боре, ки банан дошту бо киштии Cool Emerald аз кишвари Эквадор омада буд, 1500 халтачаи кокаин пайдо шуд. Дар бозори сиёҳ нархи он беш аз 20 миллиард рубл, муодили 240 миллион доллар ҳисоб шудааст.