"Истиқлол" дар Риёз аз "Ал-Наср" бо ҳисоби бузург шикаст хӯрд
Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 аз тими «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд.
Ин бозии даври якум дар гурӯҳи D шаби чоршанбеи 17-уми сентябр дар варзишгоҳи Шоҳ Сауди Донишгоҳи шаҳри Риёз баргузор шуд.
Бозӣ комилан бо бартарии мизбонон сурат гирифт. Онҳо дар нимаи аввали дидор ду гол заданд. Абдураҳмон Ғариб дар дақиқаи 14-ум ҳисобро кушод. Баъди се дақиқа Ангело голи дуюмро ба самар расонд.