Шикоят аз нархи баланди "Jura" такси
Дар чанд ҳафтаи ахир шикоятҳо аз гаронии нархи таксиҳое, ки бо номи “Jura” маъруф шуданд, зиёд садо медиҳад. Баъзе сокинон мегӯяд, бидуни огоҳии пешакӣ ё кадом эълоне нархномаи “Jura” боло рафта, хароҷоти сафари мусофикронро афзудааст. Фирӯз Сафаров, як сокини шаҳри Душанбе гуфт, агар дар моҳи август барои сафар бо ин навъи такси аз хона то ҷои кораш 12 сомонӣ сарф мекард, ҳоло нарх то 20 сомонӣ афзудааст.
Аслан “Jura” замимаест, ки дар назар аст, марҳила ба марҳила дар ҳама таксиҳои Душанбе роҳандозӣ гардад.