Вазъи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бад шудааст ва ӯ "ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад"
Вазъи саломатии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндонии тоҷик дар маҳбаси низомаш сахти Душанбе бад шуда, ӯро ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат, маъруф ба “Кирпичный” гузарондаанд.